Британия аз фикри фиристодани низомиёнаш ба Украина даст кашид, аммо ваъда дод, ки таҳримро ба Русия тақвият медиҳад. Дар ин бора нашрияи The Times хабар додааст.

“Роҳбарияти низомии Британия андешаи ҷойгир кардани 30-ҳазор сарбозро барои ҳимояи бандарҳо ва шаҳрҳои Украина рад кард”, — гуфта мешавад дар хабар. Як қисми кишварҳои аврупоӣ фиристодани шумораи зиеди нерӯҳоро хеле хатарнок меҳисобанд ва захираҳои заруриро барои ин ҷудо карда наметавонистанд. Тибқи маълумоти нашрия, стратегияи нави Британия таъмини амнияти Украинаи Ғарбиро аз ҳаво, дастгирӣ дар омодасозии низомиени украинӣ ва инчунин тоза кардани минаҳо дар баҳри Сиеҳро дарбар мегирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь