11 декабр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол – 2025» таҳти унвони «Қуллаи Шараф» баргузор гардид.
Озмун маротибаи панҷум аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад. Ба он 116 бренд дар 14 номинатсия ва 65 зерноминатсия пешниҳод карда шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол – 2025» барои иҷрои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ташкил карда шуд.
Дар озмун корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, аз қабили Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акома», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АМИРӢ», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати шири Саодат», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афзали Суғд», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сити кард», Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Алиф бонк», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сиёма молл» ва ғайра иштирок намуда, сазовори ҷоизаҳо гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь