Шаби гузашта соатҳои тахминан 22:10 дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент сӯхтор сар зад.
Ба иттилои Хадамоти оташнишонии шаҳр, сӯхтор тақрибан 600 метри мураббаъро фаро гирифта, то соати 02:30-и субҳ пурра хомӯш карда шуд.
Дар ин бозор асосан матоъҳову таҷҳизоти техникӣ ба коми оташ рафт.
Сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми хисорот ҳанӯз эълон нашудааст. Мақомот гуфтаанд, ки иллати ин ҳодиса ва ҳаҷми зарар ҳисоб карда мешавад.
Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон нав нест ва солҳои ахир сӯхтор дар бозорҳо зуд-зуд рух медиҳад.
Блоки рекламавӣ



