Мақомоти дахлдор ба таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Ҳисор оғоз кардаанд. Яке аз фарзияҳои асосӣ расиши сим ё ноқили барқ аст. Дар ин ҳодиса амволи даҳҳо соҳибкор ба коми оташ рафт ва маълум нест, зарари онҳоро кӣ ҷуброн мекунад.
Субҳи барвақти 6-уми апрел бозори “Самоҳ” дар шаҳри Ҳисор оташ гирифт. Сабаби сар задани сӯхтор ва зарари расида ҳанӯз мушаххас нест. Мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд. Як намояндаи бозор гуфтааст, бо соҳибкорон мулоқот карда, роҳҳои дубора сохтани бозорро машварат менамоянд.
Аксар соҳибкорон аз бонк қарз гирифтаанд ва ҳамзамон молашон суғурта нашудааст. Дар ҳар яке аз ин дӯконҳо аз 100 то 400 ҳазор сомонӣ молу амвол зарар дидааст.
Блоки рекламавӣ



