Қисмҳои деворнигораҳои бебаҳои таърихӣ бо тасвири нодири оташпарастонро бостоншиносон ҳангоми кофтукови шаҳраки Санҷаршоҳ дар Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон кашф карданд. Дар ин бора ба шабакаи Telegram бо истинод ба сайти донишгоҳи Кембриҷ (Британияи Кабир) хабар додаанд.
Суғдиён, мардуми эронизабон ҳастанд, ки дар тиҷорат ва табодули фарҳангӣ дар роҳи Абрешим нақши калидӣ бозидаанд. Ёдгории Санҷаршоҳ, ки дар наздикии Панҷакент ҷойгир аст, аз солҳои 1940 ба бостоншиносон маълум аст, аммо кофтукоби мунтазам дар ин ҷо танҳо дар соли 2001 оғоз ёфт.
Шаҳр дар асри VIII шукуфоӣ дошт. Дар замони Дар замони Наср ибни Сайёр қасри монументалӣ сохта шуд, ки эҳтимолан қароргоҳи охирин ҳокими Панҷакент буд. Дар охири аср пас аз сӯхтори харобиовар аз қаср биноҳои хоҷагидорӣ сохта шуданд. Дар яке аз онҳо – ба истилоҳ толори росткунҷа-30 порчаи деворнигораҳо ёфт шудаанд. Ғайр аз саҳнаҳои ҷангӣ бо девҳо, дар байни тасвирҳо, бостоншиносон композитсияеро пайдо карданд, ки махсусан муҳим буд: корвони чор коҳин ва шояд кӯдак ба қурбонгоҳи калони оташ дар зери арк мераванд. Ин сюжети нодир барои анъанаи суғдӣ қаблан танҳо дар ҷойҳои нигоҳдории боқимондаҳои устухони одамӣ пайдо мешуд.
Тафсилоти деворнигораи барқароршуда бори аввал имкон дод, ки намуди зоҳирии хизматчиёни ибодатгоҳро муаррифӣ кунанд: мӯйҳои кӯтоҳ, риш, либосҳои дароз бо камарбанд ва халта дар он, инчунин ниқобҳои махсус барои даҳон ва бинӣ, ки дар миёни коҳинони зардуштиён то ба имрӯз боқӣ мондаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь