Варзишгари навраси тоҷик Абдуҷаъфари Баҳодур дар Бозиҳои осиёӣ аз намуди таэквондо сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд.
Варзишгарони навраси тоҷик аз оғози рақобатҳо дар Бозиҳои осиёӣ байни наврасон соҳиби 15 медал: 2 тилло, 1 нуқра ва 12 биринҷӣ шуданд.
Нишонҳои тиллоро Фазлиддин Халилов дар вазни 55 кг ва Умарҷони Умед дар вазни 70 кг аз рӯи намуди санъати муҳорибаҳои омехта (ММА) гирифтанд. Ягона нишони нуқраро Ҷонибек Нигматов дар вазни +73 кг аз намуди таэквондо дар сеюмин Бозиҳои осиёӣ байни наврасон дар Баҳрайн соҳиб шуд.
7 медали биринҷиро аз намуди муҳорибаҳои омехта, Меҳрона Қаландарбекова дар вазни 55 кг, Марҳабо Бобоева дар вазни 60 кг, Умар Шарифов дар вазни 50 кг, Муҳаммад Саидзода дар вазни 60 кг, Осимӣ Бегмуродзода дар вазни 60 кг, Абубакр Баҳромов дар вазни 75 кг ва Мусо Иброҳимзода дар вазни 80 кг ба даст оварданд.
Аз варзишҳои қаблан оғозгардида варзишгарони тоҷик дар намуди кураш аввалин медал гирифтанд, ки насиби Абубакр Тураев дар вазни 65 кг гашт.
Бояд гуфт, ки 3-юмин Бозиҳои осиёии наврасон дар давлати Баҳрайн 22 октябри соли равон расман оғоз гардида, қарор аст то 31 октябр идома кунад. Ба барномаи Бозиҳо 26 намуди варзиш шомил буда, аз рӯйи онҳо 256 қувваозмоӣ доир мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки дар сеюмин Бозиҳои осиёии наврасон Тоҷикистонро 65 варзишгар аз рӯйи 12 намуди варзиш: варзиши сабук, шиноварӣ, бокс, бадминтон, ҷудо, гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, курраш, варзиши электронӣ, ҷиу-ҷитсу, таэквондо ширкат менамоянд.

Бозиҳои осиёӣ: Тоҷикон соҳиби 15 медал
Блоки рекламавӣ


