Мақомоти Молдавия тоҷир Владимир Плахотнюкро ба Кишинёв бурданд ва пешбинӣ мешавад, ки ин ҳодиса метавонад ба интихобот дар ин кишвари собиқи шӯравӣ таъсир гузорад.
Владимир Плахотнюкро тобистони имсол дар Юнон бар асоси шикояти Молдавия аз рӯи иттиҳоме, ки онро дар кишвар “тақаллуби аср” номидаанд”, боздошт ва 25 сентябр истирдод карданд. Ӯро дар нопадидшавии як миллиард доллар маблағҳои бонкӣ дар соли 2014 гумонбар меҳисобанд. Ин маблағ 12 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Молдавияро ташкил медиҳад. Владимир Плахотнюк давоми солҳои дароз барои сафед кардани номаш мубориза бурд. Ҳоло интизор меравад, ки 26 сентябр бори аввал дар додгоҳ ҳозир мешавад.
Интихоботи парлумонии Молдавия 28 сентябр баргузор мешавад ва натиҷаҳои он маълум мекунад, ки самтгириҳои баъдии ин кишвар бо Иттиҳоди Аврупо аст ё Русия.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь