Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025, ки аз 4 то 11 ноябр дар шаҳри Риёз баргузор мешаванд, ширкат мекунад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи қуръакашӣ, дастаи мо дар гурӯҳи «B» ҷойгир шуда, бо дастаҳои яккачини Эрон, Марокаш ва Афғонистон қувва меозмояд.
Ҳар се дастае, ки Тоҷикистон бо онҳо бозӣ мекунад, иштирокчиёни Ҷоми ҷаҳон-2024 дар Ӯзбекистон ҳастанд.
Иштирок дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мебошад, ки аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия доир мегардад.
Блоки рекламавӣ



