Бозигарони ду дастаи футболи Тоҷикистон, ки дар лигаи дуюм бозӣ мекунанд, як дигарро заданд. Ҳодиса рӯзи 23-юми август миёни бозигарони дастаҳои “Исфара” ва «Тоҷ» рух дод. Ҳарду дар шаҳри Исфара бозӣ карданд.
Навори занозании футболбозон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Он вокуниши корбарони интернетро ба миён овард. Дар навор футболбози дастаи “Исфара” бо сар ба қафаси синаи бозигари “Тоҷ” мезанад ва баъд дигар бозигарон ба ҷанҷол мепайванданд.
Баъди ин занозанӣ доварон ба 3 футболбози дастаи “Исфара” ва 3 бозигари тими “Тоҷ” корти сурх дод. Бозӣ бо ҳисоби 0:6 ба фоидаи дастаи “Тоҷ” хотима ёфт. Тими “Тоҷ” ба Академияи футболи “Тоҷ” тааллуқ дорад.
Аҳлиддин Юнусов, масъули Федератсияи футбол дар вилояти Суғд гуфтааст, Кумитаи тартибу интизоми ФФС ин рафтори футболбозонро санҷида, ба он баҳои қонунӣ медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь