Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик дар сеюмин Бозиҳои осиёии наврасон дар давлати Баҳрайн ба 19 адад (2 тилло, 2 нуқра ва 15 биринҷӣ) шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланд аз 6 навъи варзиш соҳиби медал шуд. Аз ҷумла, дар ММА, яъне ҳунарҳои размии омехта 2 медали тилло ва 8 нишони биринҷӣ, таэквондо WT 1 медали нуқра, бокс се нишони биринҷӣ, гӯштини ҷудо 1 медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ, гӯштини тарзи озод 1 нишони биринҷӣ ва гӯштини кураш 1 медали биринҷӣ.
Медалҳои тиллоро варзишгарони навраси тоҷик Фазлиддин Халилов дар вазни 55 кг ва Умарҷони Умед дар вазни 70 кг, аз рӯи намуди санъати муҳорибаҳои омехта ММА гирифтанд. Ду медали нуқраро Ҷонибек Нигматов дар вазни +73 кг аз намуди таэквондо ва Юсуф Замонов дар вазни то 50 кг аз рӯйи намуди гӯштини ҷудо дар сеюмин Бозиҳои Осиёӣ байни наврасон дар Баҳрайн соҳиб шуданд. Абдуҷаъфари Баҳодур варзишгари навраси тоҷик 26 октябр 12-умин нишони Бозиҳои осиёиро аз намуди таэквондо гирифт.
Аз намуди бокс варзишгарони тоҷик ба гирифтани 3 нишони биринҷӣ мушарраф гардиданд. Фуруғ Сарҳадзода дар вазни 60 кг, Дамир Назаров дар вазни 45 кг ва Абубакр Азизов дар вазни 60 кг. 8 медали биринҷиро аз намуди муҳорибаҳои омехта Меҳрона Қаландарбекова дар вазни 55 кг, Марҳабо Бобоева дар вазни 60 кг, Умар Шарифов дар вазни 50 кг, Муҳаммад Саидзода дар вазни 60 кг, Осимӣ Бегмуродзода дар вазни 60 кг, Абубакр Баҳромов дар вазни 75 кг ва Мусо Иброҳимзода дар вазни 80 кг ба даст оварданд.
Ду нишони биринҷиро аз гӯштини ҷудо Юсуф Искандарзода дар вазни то 66 кг ва Зуҳал Ҷумаева дар вазни то 52 кг ба даст оварданд.
Ягона нишони бириҷиро аз намуди гӯштини тарзи озод Алиризо Баҳромов дар вазни 80 кг соҳиб шуд. Аз варзишҳои қаблан оғозгардида варзишгарони тоҷик дар намуди гӯштини кураш аввалин медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки аз Абубакр Тураев дар вазни 65 кг аст.

БОЗИҲОИ ОСИЁӢ: Медалҳои наврасон ба 19 адад расид
Блоки рекламавӣ


