Яксаду понздаҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар як парвози чартерӣ аз Абу – Дабӣ, пойтахти Иморати Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон расиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоыикистон хабар додааст.
Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” панҷуми март ба Душанбе парид.
Иморати Муттаҳидаи Араб дар шакли маҳдуд ҳарими ҳавоии худро боз намуда, имкон дод, ки садҳо хориҷӣ аз баъзе фурудгоҳҳои ин кишвар ба ватанҳояшон оянд.
Як рӯз пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” вазифадор шудааст, барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз минтақаҳои ноором парвозҳои чартерӣ анҷом диҳад.
Ҳадаф овардани тоҷикистониҳое ҳаст, ки дар кишварҳои Ховари Миёна қарор доранд ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада мехоҳанд ба ватан баргарданд.
Вазорат таъкид кардааст, ки хоҳишмандони бозгашт бояд барои сабти ном ба намояндагӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар ин кишварҳо муроҷиат кунанд.
Давоми рӯзҳои охир садҳо тоҷик, ки дар Арабистони Саудӣ буданд ва парвозҳои онҳо ба таъхир афтода буд, тавассути ширкати “Сомон Эйр” бо хатти ҳавоии Ҷидда-Анқара ва Ҷидда-Истанбул ба Тоҷикистон омаданд.
Аз ин пештар ширкати “Сомон Эйр” аз қатъи муваққатии парвозҳои мунтазам ба Теҳрон ва Дубай хабар дода буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь