Расонаҳои Руссия дар бораи зодаи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми куштори навраси рус боздошт шуд, маълумоти бештар нашр карданд.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, Имомалӣ Турдиев солҳо пеш ҳамроҳи оилааш аз Тоҷикистон нахуст ба вилояти Кемерово ва баъдан ба вилояти Маскав омадаанд. Имомалӣ шаҳрвандии Руссияро доштааст. Бародараш гуфтааст, Имомалӣ Турдиев дар Руссия бузург шудааст.
Ин зодаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ бо иттиҳоми куштани навраси рус боздошт шуд. Ҳодиса дар шаҳри Электростали вилояти Маскав рух додааст.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, муноқиша пас аз он сар шуд, ки як гуруҳ аз наврасон ба автобус ворид шуда, ба сӯи мусофирон ишораҳои таҳқиромез кардаанд. Имомалӣ Турдиев, зодаи Тоҷикистон ба ҳимояи он мусофир хеста, ба назди ин ҷавонон меояд ва онҳоро огоҳӣ медиҳад.
Дар навор дида мешавад, ки миёни ду тараф баҳсҳои лафзӣ сар мешавад ва онҳо дар истгоҳи наздиктарин аз автобус пиёда мешаванд. Баҳсу занозанӣ дар истгоҳ идома мекунад ва наврасон ба сӯи Имомалӣ аз туфанги шуълагиранда оташ кушодаанд. Ба гуфтаи мақомоти Руссия, баъди ин зодаи Тоҷикистон бо корд се маротиба ба бадани навраси рус задааст.
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, бо вуҷуди расонидани кумаки тиббӣ навраси 18-сола ба ҳалокат расид. Алайҳи Имомалӣ Турдиев бо иттиҳоми куштор парванда боз шуда, ба ӯ то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.

Боздошти зодаи Тоҷикистон
Блоки рекламавӣ


