Кормандони милитсияи ноҳияи Дӯстӣ дар доираи баргузории чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Чутова Холдур Зияхоновна соли таваллудаш 1971, сокини деҳаи Куҳдомани ноҳияи мазкурро, ки дар манзили истиқоматиаш шаҳрвандонро қабул намуда, бо воситаи рехтани хуни мурғ ба бахткушоию фолбинӣ, сеҳргарӣ ва ба истилоҳи мардумӣ ба «гармиву хунуккунӣ» машғул буд, дастгир намуданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 482 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Блоки рекламавӣ



