Одинаев Содиқ Ҳикматуллоевич, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе, ки барои содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки номбурда зимни фаъолият ба ҳайси роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ “Ҷамол-Басир”, беш аз 160 нафарро фиреб дода, барои бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, маблағҳои калони пулии онҳоро азони худ кардааст.
Ба иттилои РВКД шаҳри Душанбе, гумонбаршаванда як манзили истиқоматиро ба 3 то 7 нафар ба фурӯш гузошта, дар ҳаҷми махсусан калон ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст.
“Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ наздики 50 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”, – омадааст дар иттилоия.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь