Додгоҳи Головинскии Маскав рӯзи шашуми октябр қарори ҳабси як марди русро, ки дар қатли муҳоҷирзани тоҷик айбдор мешуд, содир кард.
Владимир Упадишев, сокини 49-солаи шаҳри Головинскии Маскав ба он айбдор мешавад, ки зани 30-солаи тоҷикро бераҳмона кушта, амволашро нобуд кардааст. Ин мардро рӯзи 24-уми сентябри имсол пас аз се рӯзи ҳодиса боздошт карда буданд. Тибқи фарзияи тафтишот, ин мард рӯзи 21-уми сентябри имсол Ҷамилаи Нурзоди 30-соларо, ки дар ошхонае кор мекард, барои тамиз кардани манзили зисташ киро кардааст. Зан ифлосии хонаро дида, аз тоза кардани он даст мекашад, вале ин мард ба ғазаб омада ба руй ва бадани ӯ бо печтоб ё отвёртка зарба мезанад. Вақте Ҷамила беҳуш мешавад, Упадишев барои руйпуш кардани ҷинояташ хонаро оташ задаву дарро баста гурехтааст.
Ҳамсояҳо дуди хонаро дида, сӯхторнишонҳоро даъват намудаанд. Ҷамиларо ба беморхона мебаранд, аммо ӯ вафот мекунад.
Онҳое, ки Ҷамиларо мешинохтанд, дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфтаанд, ки муноқиша ва муқовимат байни ӯ ва ин мард баъди он сар задааст, ки Упадишев мехостааст, ба номуси зан дастдарозӣ кунад.Ҳоло ҷасади Ҷамила дар сардхона буда, муҳоҷирони тоҷик талош доранд, барои фиристодани тобути ӯ ба ватан маблағ ҷамъоварӣ намоянд. Аз Ҷамила дар Тоҷикистон як писарчаи хурдсол боқӣ мондааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь