Мақомоти интизомии Душанбе як ҷавонеро дастгир кардаанд, ки бо пур кардани нос дар даҳони писарандари шашсолааш сабаби марги ӯ гардидааст.
Ҳодисае, ки зоҳиран дигарбора масъалаи бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо дар Тоҷикистонро доғ мекунад. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 2-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ ва видеои бозпурсии ин ҷавон гуфт, ки Бахтиёри Намоз, сокини 33-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба “содир намудани ҷинояти аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани кӯдаки хурдсол гумонбар дониста мешавад.”
Бахтиёри Намоз рӯзи 22-уми август фарзанди шашсолаи ҳамсараш Собирҷон Назаровро аввал чанд шаппотӣ зада ва сипас бо зӯр ба даҳонаш нос андохтааст. Дар натиҷаи ин бадрафторӣ роҳҳои нафаси тифли маъсум баста шуда ва дар роҳ ба шифохона ҷон додааст.

Боздошти падарандар барои марги тифли шашсола
Блоки рекламавӣ


