Дар доираи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани силсилаҷиноятҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш шаҳрванд Бутаков Амрудин Исматович сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти Меҳвар, деҳаи Панҷоб дастгир карда шуд.
Тавре муайян гардид, номбурда гузашта доғи судӣ дошта, пеш барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ, тибқи моддаи 247 қисми 4 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 10-сол аз озодӣ маҳрум гардида, соли 2021 ба озодӣ баромадааст.
Дастгиршуда баъди ба озодӣ баромадан ба худ хулосаи зарурӣ нагирифта, ба ҷои ислоҳ гардидан назди худ нақшаи содир намудани силсилаҷиноятҳои қаллобиро тарҳрезӣ ва аз паи амалӣ намудани он гардидааст. Чунончӣ:
Чорабиниҳои тафтишотӣ муайян намуд, ки дастгиршуда Бутаков Амрудин Исматович бо ҳар гуна ному насаби сохта дар байни мардум худро корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Агролизинг»-и шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, иброз доштааст, ки шахси масъули мансабдори давлатӣ доир ба хариду фурӯши таҷҳизотҳои техникии хоҷагии қишлоқ аст. Бо ин роҳ ба боварии шаҳрвандон даромада бо баҳонаи аз кишварҳои хориҷӣ ворид намудани трактор ва дигар техникаҳои кишоварзӣ тариқи имтиёзнок аз шаҳрвандон маблағҳои калон гирифта, онҳоро фиреб ва маблағҳои калони ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш истифода намудааст.
Аз лаҳзаи дастгиршавӣ то ҳол тафтишот ҳашт ҳолати ҷинояти қаллобии дастгиршуда Бутаков Амриддинро ошкор намудааст, ки зарари ба шаҳрвандон расонидашуда 732 000 сомониро ташкил медиҳад,
Бо назардошти далелҳои болозикр нисбати Бутаков А.И., бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Бо таҳияи иттилои мазкур Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқу манфиатҳои молиявиашон аз ҷониби дастгиршуда Бутаков Амриддин ба Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш (+992938241111) муроҷиат намоянд.

Боздошти корманди қалбакии Вазорати кишоварзӣ
Блоки рекламавӣ


