Сокини шаҳраки Сарбанди вилояти Хатлон бо гумони таблиғи порнография ё паҳни маводи шаҳвонӣ дастгир шуд.
Бар асоси парвандае, ки Додситонии шаҳри Бохтар боз кард, ба ӯ аз панҷ то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.
Пайвандонаш иттиҳомро беасос дониста, талош доранд, адвокат гиранд, то аз ӯ ҳимоят кунад.”
Парвандаи боздоштшуда аз рӯйи моддаи 241, қисми 3, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ (нигоҳ доштан ва паҳн кардани маводи порнографӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, инчунин шабакаи Интернет) таҳқиқ мешавад.
Блоки рекламавӣ



