Мақомоти интизомии Руссия як зодаи Тоҷикистонро барои изҳори назараш дар бораи қатли навраси тоҷик Қобилҷон Алиев ва бо иттиҳоми “барангехтани хусумату адовати миллӣ” дастгир кардаанд. Маркази ҳомии ҳуқуқи “Сова” дар Русия ин хабарро нашр намуд.
Саидназар Ҳоҷимуродови 25-сола ронандаи таксӣ ва зоҳиран шаҳрванди Руссия низ ҳаст. Ӯ дар як видео дар Телеграм раҳбарони Руссия, аз ҷумла Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотиро бо лаҳни тунди олуда ба дашном танқид мекунад, ки ба ҷиноятҳо дар заминаи бегонаситезӣ аҳамият намедиҳанд.
Ҷавони тоҷик бо забони русӣ мегӯяд, тоҷиконро дар Русия пайваста мекушанд, вале ҷомеа ҳеч парвои онро надорад. Дар як ҷое ҳам мегӯяд, агар ин ҷиноятро ягон муҳоҷири тоҷик мекард, “ҳатман мегуфтанд, ки тоҷики мусулмоне бародари руси моро кушт.”
Саидназар Ҳоҷимуродовро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Саидҷон Ҳоҷиев саҳифа дорад, рӯзи 19-уми декабр ва баъди он дастгир кардаанд, ки корбарони расонаҳои тарафдор аз миллатгароёни ифротӣ, аз ҷумла “Многонатсионал” аз ӯ ба Кумитаи тафтишотӣ шикоят бурдаанд.
Барои барангехтани хусумату адовати милливу мазҳабӣ дар Русия то 5 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Боздошти як тоҷикистонӣ барои изҳори назар
Блоки рекламавӣ


