Баъди задухӯрди оммавии рӯзи 25-уми октябр миёни муҳоҷирон дар минтақаи истиқоматии “Прокшино” дар Маскав, пулис ҳаштод нафарро боздошт кардааст. Вазорати корҳои дохилии Русия эълон кард, ки ҳама шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин даргирӣ иштирок доштанд, берун карда хоҳанд шуд.
Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия дар телеграмканали худ навишт, ки ин ниҳод масъалаи бекор кардани шаҳрвандии ду тан аз ширкатдорони ин занозаниро баррасӣ мекунад. “Шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин занозанӣ даст доштанд, берун ва аз вуруди дигарбораи онҳо ба Русия ҷилавгирӣ мешавад”,-навиштааст Ирина Волк.
Расонаҳои русӣ ва шоҳидон мегӯянд, ки муноқиша байни гурӯҳҳои коргарони хориҷӣ рух додааст, аммо сабаби занозанӣ маълум нест. Ҳамчунин маълум нест, ки ин муҳоҷирон шаҳрвандони кадом кишварҳо ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь