Пирназаров Исфандиёр, соли тавалудаш 1990, дар содир намудани ҷинояти суиқасд ба таҷовуз ба номус гумонбар дониста мешавад.
Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ, аз ҷониби корманони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ва Прокуратураи ноҳияи мазкур, муайян карда шуд, ки номбурда санаи 6-уми декабри соли ҷорӣ, шаҳрванд С.С.-ро бо роҳи фиреб ба меҳмонхона бурда, бо истифодаи зуроварӣ ва латукӯб мехоҳад бо ҷавондухтар алоқаи ҷинсӣ намуда, нафси шаҳвонии худро қонеъ созад. Аммо, ҷабрдида ба ҳаракатҳои Пирназаров И., муқовимат нишон дода, намегузорад, ки ҳадафи нопоки худро амалӣ созад.
Ҳамзамон, бо мақсади раҳоӣ аз ҷанголи нафси бади Пирназаров И., ҷавондухтар аз тирезаи ҳаммоми меҳмонхона худро ба поин ҳаво медиҳад, ки дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Айни замон, гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, тибқи талаботи моддаҳои 32 қисми 3 ва 138-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар аз Пирназаров И., ҷабр дидаанд, тавассути рақамҳои (+992)018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Боздошти гумонбар
Блоки рекламавӣ


