Кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳрҳои Кӯлобу Левакант ва ноҳияҳои Фархору Панҷ дар идомаи мубориза бо ашхосе, ки ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғуланд, як қатор амалиёти санҷишӣ гузаронида, дар умум 10 нафар шаҳрвандонро ҳангоми машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир намуданд. Инҳо:
Ҳайдарова Момагул Орифовна соли таваллудаш 1967, сокини кӯчаи Нонбои поёни шаҳри Кӯлоб;
Мирзоев Эмом Амирович соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати деҳоти Даҳана, деҳаи Ёхсучиёни шаҳри Кӯлоб;
Ғуломова Холдона Миёнҷоновна соли таваллудаш 1954, сокини деҳаи Нурафшони шаҳри Левакант;
Шокирова Назурбӣ Инатуллоевна соли таваллудаш 1959, сокини кучаи Ш. Шоҳтемури шаҳри Левакант;
Шарипова Иғболой Менгимуҳамадовна соли таваллудаш 1956, сокини кучаи К. Наҷмиддинови ноҳияи Фархор;
Канабова Баргигул Муродовна соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати деҳоти Хуросони ноҳияи Фархор.
Раҳимова Робия Шеровна, соли таваллудаш 1979, сокини деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор.
Шарипов Муҳамадшариф, соли таваллудаш 1953, сокини кучаи Робияи Балхии ноҳияи Фархор
Раҳимов Шералӣ, соли таваллудаш 1965, сокини кучаи Н.Исоқии ноҳияи Фархор
Қурбонова Иқболбӣ Ғуломнабиевна соли таваллуш 1964, сокини кӯчаи А. Шарифии ноҳияи Панҷ;
Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурдагон фолбиниву сеҳргариро василаи ба даст овардани даромад табдил додаву нафарони зиёдеро ба доми макри худ гирифтор намудаанд.
Ҳангоми азназаргузаронии манзилҳои онҳо як қатор ашё ва предметҳое, ки барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ истифода мешуданд, дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба шахсони зикршуда тибқи моддаи 482 қисми 1 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь