Прокуратураи генералии Тоҷикистон гуфтааст, ки ду зани тоҷик барои бурдани ҳазориспанд ба Русия боздошт шуда, яке аз онҳо ҳашт сол гирифтааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯё як зани ҷавон аз Тоҷикистон ба Русия ҳазориспанд бурда, дар фурудгоҳ боздошт шудааст. Аммо ному насаби ин зан ва кай маҳкум шуданаш маълум набуд.
21-уми август Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар хабарномае навишт, “ду нафар зани тоҷик, ки бо мақсади шахсӣ ва тиббӣ ҳазориспанд”-ро ба Русия бурда буданд, дар фурудгоҳ дастгир ва “ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд”.
Яке аз ин занҳо барои интиқоли маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ ва гузарондани растании дорои маводи мухаддир аз марзи Русия, ба 8 сол зиндон маҳкум шудааст. Сарнавишти зани дигар маълум нест
Мақомоти Русия моҳи феврали соли 2024 ҳазориспандро ба рӯйхати растаниҳои “дорои маводи мухаддир” ворид карданд.
Дар тибби халқӣ дар Тоҷикистон ҳазориспандро барои табобати баъзе бемориҳо фоидаовар меҳисобанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь