Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз мактаби ба номи Чехов боздид ба амал овард.
Раиси вилоят бо ҷараёни таълиму тадрис дар мактаб шинос гардида, аз синфхонаҳои таълимӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона, китобхона, технопарки «Кванториум», ҳамчунин толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ боздид кард ва бо хонандагон суҳбат намуд.
Раиси вилоят бар аҳамияти мубодилаи таҷриба миёни муассисаҳои таълимии вилояти Суғд таъкид намуда, супориш дод, ки дар ин самт ҳамкории зич ба роҳ монда шавад. Дар ҳамин замина, истифода аз таҷрибаи мактаби ба номи А.П. Чехов, ки муассисаи таълимии намунавӣ аст, муфид арзёбӣ гардид.
Раҷаб Аҳмадзода хонандагон ва омӯзгоронро бо фарорасии Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши аъло ва барори кор орзу намуд.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Боздиди Раиси вилояти Суғд дар мактаби ба номи Чехов
Блоки рекламавӣ


