Дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон 4 ҳазору 550 сайёҳи дохиливу хориҷӣ омадаанд, ки аз онҳо 1050 нафарашон сайёҳони хориҷӣ ва 3500 нафари дигарашон сайёҳони дохилӣ мебошанд.

Шаҳри Левакант бо табиати зебо, обҳои мусафо, манзараҳои дилфиреб, кӯҳҳои осмонбӯсу роҳҳои ҳамвораш сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб кардаст.

Дар шаҳри Левакант ҳоло 10 мавзеи сайёҳӣ, 2 боғи фароғативу истироҳатӣ, 2 осорхона, 3 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, 3 зиёратгоҳ, даҳҳо тарабхонаву, меҳмонхона, ҳомстей, чойхона ва мағозаҳои фуруши армуғон ва дигар иншооти сайёҳӣ фаъолият доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь