Роҳбари вилояти Суғд аз рафти бунёди бинои нави Прокуратураи шаҳри Истаравшан боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншоот шароити корӣ ва имкониятҳои хизматӣ барои кормандони мақомоти прокуратура боз ҳам беҳтар мегардад.
Дар идомаи сафари корӣ Раҷаб Аҳмадзода аз маркази хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Моҳи нав” боздид ба амал овард. Дар ин марказ либосҳои мардонаву занона ва пойафзол ба фурӯш гузошта мешаванд. Аснои боздид ба роҳбарияти ширкат тавсия дода шуд, ки самти фаъолияти худро васеъ намуда, дар корҳои ободонӣ ва ташаббусҳои созанда саҳми бештар гузоранд.
Илова бар ин, ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки дар шаҳри Истаравшан филиали Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон – «Саноатсодиротбонк» ба фаъолият оғоз мекунад. Бино ба иттилои масъулин, баъди ба истифода додани бинои нав 30 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳадафи асосии бунёди филиал пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, дастгирии соҳибкорон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар шаҳр мебошад.
Ҳамчунин Раиси вилоят аз корхонаи истеҳсоли мебели Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Асри обод” дидан кард. Дар ин корхона истеҳсоли мебел барои муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ ба роҳ монда шудааст. Дар марҳилаи нав бинои истеҳсолии муосир бунёд гардида, шароити беҳтари фаъолият барои кормандон фароҳам оварда мешавад. Бо ба истифода дода шудани иншооти нав шумораи кормандон ва ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда зиёд хоҳад шуд.
Дар зимн аз соҳибкорон ва сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона ширкат варзанд.

Боздид аз Истаравшан
Блоки рекламавӣ


