4 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт бо фаъолияти корхонаҳои ҶДММ “Комплекси агросаноатии Ашт” аз наздик шинос гардид.
Дар ҷараёни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар ин маҷмаа корхонаи дӯзандагӣ, корхонаи ҷӯроббарорӣ ва инчунин корхонаи истеҳсоли зарфҳои пластикӣ фаъолият доранд. Истеҳсоли зарфҳои пластикӣ барои содироти гелос ва хушк намудани зардолу ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 2500 адад мебошад. Ин корхона бо технологияи муосири чинӣ муҷаҳҳаз буда, маҳсулоти он воридотивазкунанда аст.
Дар корхонаи дӯзандагӣ низ занону бонувон ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба дӯхти либос машғул мебошанд. Истеҳсолот бо истифода аз матоъҳои хушсифат сурат мегирад.
Корхонаи ҷӯроббарорӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, дар як шабонарӯз 10 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мекунад ва 50 нафар сокинонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо дарназардошти имкониятҳои васеи ноҳияи Ашт ба масъулин дастур дод, ки пахта ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ пурра дар дохили кишвар коркард шуда, маҳсулоти баландсифат барои қонеъ намудани бозорҳои дохилӣ ва ҳам содирот истеҳсол карда шавад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд

Боздиди Аҳмадзода аз корхонаҳои ҶДММ “Комплекси агросаноатии Ашт”
Блоки рекламавӣ


