Зубайдуллои Қодир, наворбардори ҳирфаии телевизиони Тоҷикистон, дирӯз, 23-юми апрели соли 2023, дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.
Сабаби марги марҳумро ҳамкорон ва наздиконаш бемории қалб гуфтанд, вале мегӯянд, ки то дами марг аз ягон беморӣ шикоят намекарду дар пайи адои вазифа буд.
Марҳум Зубайдулло Қодир солҳои тӯлонии ҳамчун наворбардори касбии телевизиони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кор мекард.
Ҳамкоронаш гуфтанд, ки ӯ наворбардори хуб, инсони зиндадил, беозор буда, ҳамеша кӯшиш мекард, ки дар дилу дидаи дӯстону наздиконаш ҷой дошта бошад.
Зубайдуллои Қодир зодаи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон аст. Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз дар масҷиди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён баргузор шуд.
Кормандони МТЖТ аз марги нобаҳангоми Зубайдулло Қодир андӯҳгин буда, ба пайвандону наздиконаш изҳори таслият мекунанд. Ҷойяш биҳишт бод!