Муроҷиати электронии як нафар шаҳрванд оид ба рафтори ношоистаи ронандаи таксӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии милитсияи шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки Фидоӣ Муҳаммад Довуд, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «BEIJING», рақамҳои қайди давлатиаш 2853ТТ10, ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ нисбат ба муроҷиаткунанда ва ҳамроҳи ӯ — сайёҳи хориҷӣ, дағалона рафтор намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.
Бо назардошти ҳолати мазкур, нисбат ба Фидоӣ М. тибқи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз таъин гардид.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз тамоми ронандагон даъват менамояд, ки дар муносибат бо мусофирон, бахусус сайёҳони хориҷӣ, хушмуомилагӣ, эҳтиром ва фарҳанги баланди хизматрасониро риоя намоянд.

Боз моҷарои ронандаи таксӣ
Блоки рекламавӣ


