Гадоева Қурбонгул, сокини 53-солаи шаҳри Душанбе, зимни машғул шудан ба фолбинӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда бо истифода аз ашё ва предметҳои гуногун, аз қабили бел, сипанд, собун ва лезва, ба иҷрои амалҳои фолбинию ҷодугарӣ машғул шуда, аз ин ҳисоб манфиати молиявӣ ба даст меовардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Гадоева Қ. тибқи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6 ҳазор сомонӣ, таъин гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь