Ҳукумати Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар Афғонистон рӯзи 28-уми сентябр як шаҳрванди дигари Амрикоро озод кард. Амир Амириро баъд аз дидори Адам Бёлер, фиристодаи вижаи Амрико дар умури гаравгонҳо раҳо карданд.
Ба гуфтаи давлати Амрико, Амирӣ аз моҳи декабри соли 2024 дар боздошт буд ва бо миёнаравии Қатар озод шуд.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико бо нашри паёме дар шабакаи X (Твиттер) озодии Амириро тасдиқ ва аз Қатар барои кумак дар ин кор миннатдорӣ намуд.
Вазорати корҳои хориҷии Толибон пештар дар шабакаи X эълом кард, ки “Имороти исломии Афғонистон имрӯз як шаҳрванди Амрикоро бо номи Амир Амирӣ аз зиндон озод кард”.
Як манбаи огоҳ ба хабаргузории “Ройтерс” гуфт, ки Амирӣ панҷумин шаҳрванди Амрико аст, ки имсол бо миёнаравии Қатар раҳо шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь