24-уми апрели соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» баргузор гардид. Озмуни мазкур бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ва бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Ҳадафи асосии озмун ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар соҳаи бонкдорӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба саҳми онҳо дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, инчунин тақвият бахшидани иштироки занон дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла низоми молиявию бонкдорӣ мебошад. Озмун аз рӯи якчанд номинатсия, аз ҷумла «Корманди қарзии беҳтарин», «Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз ва кортҳои бонкӣ», «Корманди беҳтарини роҳбарикунанда», «Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ» ва «Корманди беҳтарин Идораи фаръӣ» баргузор гардид.
Қайд гардид, ки ҳамасола Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон занону бонувони роҳбарикунандаи фаъолро, ки дар соҳаҳои иқтисод, молия ва бонкдории кишвар фаъолияти шоиста доранд, қадрдонӣ менамояд.
Дар доираи озмуни мазкур муовини Раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” Сафарзода Рукмина барои фаъолияти арзанда ва саҳми назаррасаш дар рушду пешрафти соҳа ҳамчун «Бонуи муваффақи соҳаи бонкдории Тоҷикистон» эътироф гардида, бо ҷоиза сарфароз карда шуд.
Ҳамчунин, аз рӯи номинатсияи «Корманди қарзии беҳтарин» муовини директори департаменти қарздиҳии Амонатбонк Исмоилова Шаҳноз ғолиб дониста шуда, бо дипломи Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Ғолибон барои фаъолияти намунавӣ, сатҳи баланди касбият, таҷриба ва малакаи воло, саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи бонкдории мамлакат, инчунин иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ интихоб шудаанд.
Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо ба ҳавасмандсозии занону бонувони кишвар, боло бурдани завқи касбии онҳо ва рушди минбаъдаи соҳаи бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Шаҳзода Дилшодзода
“Фараҳ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь