Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар табдилёбӣ ба бонк ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҳумо Бонк» барои фаъолияти бонкӣ  бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд. Дар ин бора ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ин қарор дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи ташкилоти маблағгузории хурд», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дода шуд.

Иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурдии «Ҳумо», ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 11 майи соли 2017 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь