Вазъи феълии низоми суғуртаи ҷумҳурӣ, муҳимияти санҷиши аудити берунаи ҳисоботҳои муҳосибӣ ва сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ дар ҷаласае, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои аудитории дорои ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ, намояндагони Вазорати молияи мамлакат ва воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар ин хусус аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Дар ҷаласа инчунин мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар хулосаҳои аудиторӣ ва чораандешиҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт муҳокима гардид.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ баъди ба зиммаи он вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ корҳои назаррасеро анҷом дод, ки ба ташаккул ва рушди низоми суғурта дар Тоҷикистон мусоидат намуданд.
Дар заминаи ислоҳоти соҳаи суғуртаи мамлакат дар соли 2025 як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ таҳия ва қабул карда шуданд, ки раванди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии соҳаи суғуртаро пурра ба танзим дароварда, шаффофиятро дар низом таъмин менамоянд. Аз ҷумла, тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ, тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ, Феҳристи ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), тавсифи ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз ҳамин қабиланд.
Таъкид шуд, ки бо вуҷуди пешравиҳо ва дастовардҳои соҳа, дар самти санҷиши аудити ҳатмии ҳисоботҳои молиявии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) камбудиҳо ба назар мерасанд, ки бартараф намудани онҳо дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои аудиторӣ, Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь