Масъалаҳои муҳими ҳамкории мутақобил байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Мартин Шлегел дар Вашингтон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамзамон роҳҳои таҳкими робитаҳои касбӣ ва густариши ҳамкориро дар бахшҳои сиёсати пулӣ, устувории молиявӣ, идоракунии хавфҳо ва афзоиши иқтидори кадрӣ баррасӣ намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории ҳарду ниҳоди молиявӣ, ки зиёда аз 25 сол идома дорад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Иброз гардид, ки дар ин давра лоиҳаҳои зиёди кумакҳои техникӣ дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва идоракунии хавфҳо бо дастгирии Бонки миллии Швейтсария амалӣ гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло нишондиҳандаҳои мусбати рушди иқтисодӣ дошта, сиёсати пулии мамлакат ба таъмини суботи нархҳо, таҳкими низоми бонкӣ ва рушди устувори иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Ҳамчунин оид ба ифтитоҳи суратҳисобҳои муросилотӣ, тавсеаи муомилоти молиявӣ, тақвияти пардохтҳои байналмилалӣ, ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ, рушди молияи “сабз” ва устуворӣ ба хавфҳои иқлимӣ суҳбат намуданд. Изҳор дошта шуд, ки табодули таҷриба, машваратҳои коршиносӣ ва барномаҳои омӯзишӣ метавонанд дар таҳкими иқтидори дастурӣ ва рушди насли нави мутахассисони соҳа мусоидат мекунад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки робитаҳо байни бонкҳои марказии ҳарду давлат бо назардошти манфиатҳои дуҷониба минбаъд низ идома меёбанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки миллии Швейтсария идома медиҳад
Блоки рекламавӣ


