Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳоло имконияти зиёди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ вуҷуд дорад. Ин нукта дар мулоқоти маҷозии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони «Column Bank»-и Амрико баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ислоҳот дар низоми бонкии мамлакат табодули назар карданд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон намояндагони «Column Bank»-ро даъват кард, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ифтитоҳи ҳисобҳои мустақими муросилотӣ саҳм гузоранд. Бояд гуфт, ки «Column Bank» (Column N.A.) — бонки миллии Амрико буда, махсус барои таҳиягароне (девелоперҳое), ки маҳсулоти молиявиро ба таври барномавӣ эҷод ва идора мекунанд, таъсис дода шудааст. Он дорои платформа, низоми асосии бонкдорӣ ва пайвасти мустақим бо Бонки федералии захиравӣ мебошад.