“Бонки марказии Аврупо (ECB) аз додани кафолати “қарзи ҷубронпулӣ” дар ҳаҷми 140 миллиард евро ба Украина, ки бояд бо дороиҳои Бонки марказии Руссия дар кишварҳои ғарбӣ “яхкарда” таъмин карда шавад, саркашӣ кард”, – менависад Financial Times бо истинод ба манбаъҳояш.
Дороиҳои Бонки марказии Руссия ба маблағи тақрибан 260 миллиард евро дар кишварҳои ғарбӣ пас аз ҳамлаи Руссия ба Украина дар соли 2022 “ях” карда шуданд. Қисми зиёди ин пул (тақрибан 193 миллиард) дар Белгия дар суратҳисобҳои депозитарии Euroclear нигоҳ дошта мешавад. Баҳсҳо дар бораи истифодаи онҳо барои кӯмак ба Украина дар кишварҳои Аврупо тақрибан чор сол боз идома доранд. Онҳо вақтҳои охир пас аз он ки дар Аврупо идеяи “қарзи ҷубронпулӣ” ба Киев ба маблағи 140 миллиард доллар бо гаравпулии пули Руссия пайдо шуд, фаъол шуданд. Белгия, ки қисми асосии маблағҳо дар салоҳияти ин давлат қарор доранд, ба ин мухолифат мекунад. Дар нақшаи сулҳомези маъмурияти Трамп аз 28 нуқта, ки дар миёнаи моҳи ноябр дар матбуот нашр шуд, тахмин зада мешуд, ки 100 миллиард доллар дороиҳои “яхкардашуда” – и Руссия барои барқарор кардани Украина сармоягузорӣ карда мешаванд ва ИМА аз ин амалиёт 50% фоида ба даст меорад. Дар айни замон дар Амрико танҳо тақрибан панҷ миллиард доллар дороиҳои Руссия нигоҳ дошта мешаванд. Баъдтар ин нақша дар ҷараёни муҳокимаҳо байни ҳайатҳои украинӣ ва амрикоӣ ба таври назаррас коркард карда шуд. Руссия ба мусодираи дороиҳои худ қатъиян мухолифат мекунад ва ҳар гуна қарорҳои эҳтимолиро, ки истифодаи ин пулро пешбинӣ мекунанд, дуздӣ меномад.



