Президенти Амрико Доналд Трамп фармон дар бораи ҷорӣ кардани боҷ  алайҳи 69 кишвари дигарро имзо кард, ки меъёри онҳо аз 10 то 41 дарсадро ташкил медиҳад, бармеояд аз ҳуҷҷатҳои Кохи Сафед. Дар ин бора ОИР Новости хабар додааст.

“Ин амали қатъӣ талошҳои пайвастаи президентро барои ҳифзи Амрико аз таҳдидҳои хориҷӣ ба амнияти миллӣ ва иқтисоди ИМА тавассути муносибатҳои одилона, мутавозин ва мутақобилан судманди тиҷоратӣ инъикос мекунад” – гуфта мешавад дар он.

Боҷҳои нав аз 7 август эътибор пайдо мекунанд, ки метавонанд ба кишварҳои зерин барои бастани созишномаи тиҷоратӣ вақт диҳанд ва аз болоравии меъёрҳои воридотӣ канорагирӣ кунанд. Дар байни онҳо:

Сурия, ки ба молҳои он 41 фоиз боҷи баландтарин ворид карда мешавад;

Мянма ва Лаос, ки воридоти онҳо 40 фоиз ситонида мешавад;

Ироқ ва Сербия, ки боҷи зидди онҳо 35 фоизро ташкил медиҳад;

Швейтсария, ки бар зидди он боҷи 39 фоиза амал мекунад.                                                                                                                                         Барои баъзе кишварҳо, монанди Тайван, меъёри дар аввал муқарраркардаи Трамп дар моҳи апрел паст карда шудааст.  Кишварҳое, ки барои бастани созишномаи тиҷоратӣ бо Вашингтон вақт надоштанд ва ҳам кишварҳое, ки аллакай созишнома доранд ё дар раванди гуфтушунид қарор доранд, ба рӯйихат дохил шудаанд.

Трамп 2 апрел фармони ҷорӣ кардани боҷи “мутақобила” – ро барои воридот аз дигар кишварҳо имзо кард. Меъёри асосии онҳо 10% барои 57 кишвар аз 9 апрел меъёрҳои баландтаре пешниҳод шуданд, ки дар асоси касри тиҷоратии Иёлоти Муттаҳида бо кишвари мушаххас ҳисоб карда шуданд.  Аммо аллакай 9 апрел Трамп изҳор дошт, ки беш аз 75 давлат чораи ҷавобӣ нагирифтаанд ва дархост кардаанд, ки музокирот сурат гирад, аз ин рӯ, барои 90 рӯз, яъне то 9 июл, барои онҳо 10% боҷи асосии воридотӣ амал мекунад.

Дар арафаи ин сана, президент боздоштани боҷҳои афзояндаи воридотиро ба молҳои хориҷӣ то 1 август тамдид кард ва ба як қатор давлатҳо дар бораи баланд бардоштани тариф аз ин сана огоҳинома фиристод. Аввали ин ҳафта Трамп такрор кард, ки мӯҳлати боҷҳои воридотӣ аз кишварҳои гуногун бетағйир боқӣ мемонад.

Дар айни замон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Филиппин, Ветнам, Покистон, Индонезия, Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо, Таиланд ва Камбоҷа аллакай бо Вашингтон  дар бораи шартҳои нави муносибатҳои тиҷоратӣ мувофиқа кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь