Дар муассисаи давлатии таълимии томактабии “Гулғунча”-и шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси шаҳр Наргис Қурбонзода ва мудири Шӯъбаи маориф Шоиста Абдуназарзода бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар саҳни муассисаи давлатии таълимии томактабии “Гулғунча”-и шаҳри Бохтар намоиши дастранҷи кӯдакон ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки роҳбарият аз онҳо дидан карданд. Сипас аз ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кӯдакону мурабияҳо шеърҳо қироат карданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби аҳли кормандони муассисаи давлатии таълимию томактабии “Гулғунча”-и шаҳри Бохтар ва кӯдакон намоиши фарҳангию маърифатӣ баҳри болидахотирии ҳозирин гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ 22 сентябр, ки аз соли 2002 инҷониб дар қаламрави кишвар баргузор мегардад, доираву ҳавзаҳои гуногуни адабию фарҳангиро ба ҳам меоварад. Муҳимтар аз ҳама, ба таври густурда таҷлил гардидани санаҳои муҳими таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Рӯзи устод Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь