Имрӯз дар муассисаи давлатии таълимии томактабии “Лола”- и шаҳри Бохтар бахшида ба рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ва мудирони муассисаҳои томактабӣ иштирок карданд.
Дар саҳни муассисаи мазкур намоиши маҳсули дастони мурабияҳову кӯдакони ин дабистон ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, ки масъулон аз онҳо дидан карда, баҳои баланд доданд.
Дар идомаи дар толори муассисаи давлатии таълимии томактабии “Лолаи” – и шаҳри Бохтар барномаи фарҳангиву фароғатӣ аз ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, саҳнаҳои ҷолиб ва қироати шеър аз тарафи кӯдакон ва мураббияҳо пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки шурӯъ аз 1-уми июни соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 “Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил мегардад.
Ин санаи фархунда ҳар сол дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо иштироки васеи олимону донишмандон, мавлоношиносон, омӯзгорону хонандагон ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.
Ин аст, ки масъулони МИМҲД – и шаҳри Бохтар ва Шӯъбаи маорифи шаҳр Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро дар муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ дар сатҳи баланд таҷлил намуда истодаанд.

Бохтар: Таҷлили рӯзи Мавлонои Балхӣ
Блоки рекламавӣ


