Шаби 2-юми июл дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар сӯхтор шуд.
Ба гуфти шоҳидон сӯхтор дар растаи якуми ин бозор сар задааст. Тамоми ниҳодҳо аз ҷумла кормандони Хадамоти оташнишони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои атроф бо даҳҳо мошини сухторнишонӣ барои хомӯш кардани сӯхтор ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, оташро дар мӯҳлати кӯтоҳ хомӯш карданд.Ҳамзамон чанд мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба ҷойи ҳодиса омада буданд. Савдогарони бозор талош мекарданд, ки молҳои худро аз сӯхтор наҷот диҳанд. Ҳоло сабаби сар задани сӯхтор ва зарари он аниқ нест.
Блоки рекламавӣ