Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон то соли 26 бунёди 75 бинои баландошёнаи истиқоматӣ иборат аз аз 9 то 16 қабат ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, ҳоло нархи як метри мураббаъи манзил аз таҳкурсӣ 450 долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба як сол пеш беш аа 200 доллар гарон шудааст.
Дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар дар шаҳри Бохтар бунёди 75 бинои баландошёнаи истиқоматии аз 9 то 16-қабата ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то имрӯз 5 бино сохта ба истифода дода шуда, дар боқимонда биноҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин бора аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба “Фараж” хабар доданд.
Ба иттилои расида, дар доираи ҷашни 30-солагии истиқлоли давалтии кишвар дар шаҳри Бохтар 40 бинои баландошёнаи истиқоматии аз 5 то 12-қабата бунёд гардидааст, аммо аксар харидорони манзил гила доранд, ки як сол қабл нархи як метри мураббаи он дар шаҳр аз таҳкурсӣ 280 долларроташкил медод, ҳоло ба 450 долар расидааст. Агар бино ба анҷом расад, нархаш то 650-700 долар гарон мешавад.
Ин дар ҳолест, ки аз оғози соли 2023-юм бунёди биноҳои баландошёна дар байни хонаҳое, ки солҳои пеш сохта шуда буданд маън карда шуда, бо дастури раиси вилоят ва шаҳрдори Бохтар бояд дар кучаҳои протаколии шаҳр ба ҷойи хонаҳои 2-4-қабатае солҳои пеш сохта шуданд, биноҳои замонавӣ бунёд карда шавад.



