Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар шумораи донишҷӯдухтарон сол то сол афзоиш ёфта, шумораи писарон бо маротиб кам шудааст.
Директори коллеҷи мазкур Иброҳим Мусозода, имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар колеҷ беш аз 3 ҳазору 200 донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки 85 дарсади онҳоро духтарон ташкил дода, 15 дарсади дигар писарон мебошанд.
Ба гуфти манбаъ, нақшаи қабули имсолаи коллеҷ 568 донишҷӯ аст, ки аз рӯзи 26 июли соли ҷорӣ қабули ҳуҷҷатҳо оғоз гардидааст. 60 дарсади довталабон, то кунун ҳуҷҷатҳои худро супориданд, ки бештари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, теъдоди писарон бениҳоят кам шудааст.
“Бо сабаабҳои гуногун нақшаи қабули мо, ки дар меъёри иҷозатномаамон ҳаст, имсол 30 дарсад, яъне 332 нафар кам карда шуд”, – илова кард мавсуф.
Ба иттилои Мусозода Иброҳим соли таҳсили 2022-2023-юм 171 донишҷӯи коллеҷ хориҷ карда шудаанд, ки сабаби асосии он муҳоҷирати меҳнатӣ будааст.