Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар давоми 8 моҳу 12 рӯзи соли ҷорӣ шаш нафар сокинон барои риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ҷарима карда шудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта як ҳолат зиёд аст.
Мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими шаҳри Бохтар Манучеҳр Қодиров ба “Фараҳ” гуфт, ки қонуншиканӣ ҳангоми баргузории туйҳои арусиву домодӣ ва гузаронидани зодрӯз ошкор карда шуда, қонуншиканҳо ба мабалағи 47 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима шудаанд ва як қонуншикании дигар дар баррасӣ қарор дорад.
Номбурда иттилоъ дод, ки дар ин давра дар маҷмӯъ дар шаҳр 770 маъракаҳо гузаронида шудааст, ки аз ин 752 ададаш туйҳои домодиву арусӣ ва 18 маросими азодорӣ мебошад. Дар ин туйҳои домодиву арӯсӣ 5 миллиону 624 ҳазору 960 сомонӣ масраф гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь