Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, -шаҳри Бохтар дарси рӯзи дониш бо иштироки раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод баргузор гардид.
Раиси шаҳр дар рафти оғози соли хониш дар литсейи давлатии №1-шаҳр иштирок намуда дар суханронии худ чунин қайд кард:”Дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамасола 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Зеро Рӯзи дониш дар ҷомеаи мо аҳаммияти бузурги маънавӣ дошта, оғози соли нави таҳсил ва рамзи саъйю кӯшиш дар роҳи донишандӯзӣ ҷиҳати таҳкими пояҳои давлату давлатдорӣ ва ободу зебо гардонидани мамлакати азизамон бо роҳи касби илму маърифат мебошад”.
Ин рӯз натанҳо рӯзи оғози соли нави хониш, балки рӯзи омӯзиши нақши сулҳ ва аҳамияти он барои ҳаёти инсонӣ низ мебошад. Омӯзгорон ҳамчун раҳнамои равшанфикрон, хонандагонро ба роҳи сулҳ ҳидоят мекунанд. Ба ин восита, Дарси сулҳ на танҳо як дарс, балки сабақи зиндагӣ мебошад, ки дар руҳияи ҳар як хонанда нақши муҳимми ахлоқи ҳамидаро бедор мекунад.
Воқеан ҳам, баргузории Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ менамояд.

Бохтар: Рӯзи дониш бо иштироки раиси шаҳр
Блоки рекламавӣ


