Ҳамасола 30 сентябр дар саросари Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад. Дар шаҳри Бохтар низ ин руз бо шаҳомати хос ҷашн гирифта шуд.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шахсияти бузург ва нотакрори ирфону адаб буда, осори ҷовидонаи ӯ ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб хонандагону эътиқодмандони зиёд дорад.
Асарҳои гаронбаҳои Мавлоно «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир», «Фиҳи мо фиҳи», «Мавоизи маҷолиси саъба» ва «Мактубот» падидаҳои нотакрор ва саршор аз арзишҳои тоҷиконаи мардуми Хуросони бузург мебошанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми табрикотӣ ба муносибати таҷлили зодрӯзи Мавлоно Чалолуддини Балхӣ 30 сентябри соли 2009 иброз доштаанд, «дар осори Ҷалолуддини Балхӣ ақидаҳои озодандешӣ, тақвияти руҳи миллию ватандӯстӣ, ифтихору худогоҳӣ ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.
Мавлоно мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва дигар суханварони бузурги шеъру адаби тоҷик ба арзишҳои миллӣ, бахусус расму оин, паҳлавонону қаҳрамонони пешин, забони модарӣ, яъне забони тоҷикӣ ва монанди инҳо эҳтиром мегузошт ва онҳоро дар осораш ситоиш менамуд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь