Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар маблағи таъмири муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, зимистонгузаронӣ ва рухсатпулии омӯзгорон 100 дарсад пардохт карда шудааст.

Сардори шуъбаи хазинадории Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Шуҳрат Бозорзода, ба “Фараҳ” иттилоъ дод, ки рухсатпулии омӯзгорон дар шаҳри Бохтар беш аз 9 миллиону 89 ҳазор сомониро ташкил медод, ки пурра пардохт карда шудааст.

Ӯ гуфт, ки барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети шаҳри Бохтар 3 миллиону 146 ҳазор дар нақша буд, ки пурра пардохт гардид.

Номбурда илова кард, ки барои зимистонгузаронӣ, яъне хариди ангишту ҳезум ба соҳаи маориф 491 ҳазору 500 сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 97 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он низ пурра пардохт шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь