Айни ҳол дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар омодагии МИҲД- и шаҳр ба Наврӯз оғоз шуда, рамзи наврӯзӣ, шиору овезаҳои инъикоскунандаи Наврӯз, гулҳои ороишӣ ва дигар омодагиҳо идома доранд.
Аз мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки баландии рамзи Наврӯз 15 метр буда, паҳноияш 4 метрро ташкил медиҳад.
Дар назар аст, ки дар шаҳри Бохтар ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзи 21-уми март баргузор гардад.
Намоишгоҳи наврӯзӣ дар майдони 70-солагии азхудкунии водии Вахш баргузор гашта, барномаи театрӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар бо иштироки беҳтарин ҳунармандон гузаронида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь