Дар кишвар шурӯъ аз рӯзи якуми октябри соли ҷорӣ маъракаи ваксинагузаронӣ бар зидди вируси папиломаи одам оғоз мегардад.
Парвиз Абдулмаҷидзода, менеҷери Шабакаи кӯмаки аввалияи тибию санитарии шаҳри Бохтар гуфт, ки “дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июни соли 2025 таҳти рақами 408 “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папиломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои зарурӣ андешида шуда, корҳои омодабошӣ идома дорад.
Ӯ гуфт, ки ҳадафи гузаронидани имунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам, пешгирӣ аз бемории саратони гарданаки бачадон мебошад. Номбурда афзуд, ки шумораи духтароне, ки ба иммунизатсияи вируси папиломаи одам дар шаҳри Бохтар фаро гирифта мешаванд муайян карда шудааст. Барои муайян кардани шумораи духтарони таваллудашон солҳои 2011 то 2015 бисту шаш бригада иборат аз 141 нафар кормандони КАТС-и шаҳри Бохтар ҷалб шудаанд.
Қайд карда шуд, ки барои гузаронидаи иммунизатсия дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар утоқҳои корӣ бо фароҳам овардани таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки гузаронидани иммунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар шӯруъ аз 1 октиябр оғоз карда мешавад.

Бохтар: Омодагӣ ба ваксинагузаронӣ
Блоки рекламавӣ


