Мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро ба назди бинои Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар ва Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» оварданд.
Ҷойи нави муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бо талаботи замони муосир бунёд гардида, дар наздаш тандиси китоби «Тоҷикон» ва дигар ороишот сохта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки сабаби кӯчонидани муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров номувофиқ будани ҷой ва дар паҳлуи он бунёд шудани марказҳои хизматрасонию маишӣ ва биноҳои баландошёна буд.
Муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров 5 метр баландӣ дошта, онро соли 2021-ум ҳайкалтарошон Қиматшо Чоршанбев ва Алиҷон Назаров сохта буданд.
Блоки рекламавӣ